Чанде қабл сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар маҷмӯъи воситаҳои техникии тақвияти нерӯи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ супурд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилох доданд, директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо изҳори миннтадорӣ ба ҷониби Амрико барои дастгирии техникӣ аз ҳамкориҳо миёни АНМН ва Сафорати ИМА дар самти муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ситоиш кард ва ба он баҳои баланд дод.
Директори минтақавии барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии ИМА ҷаноби Ҷонн Повелонет, ки дар ин маросим ҳузур дошт, изҳори умед намуд, ки таҷҳизоти техникии ироашуда аз ҷониби Агентӣ ҳадафнок истифода мешавад ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои оперативӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои нав созмонмеёфта мусоидат мекунад.
Маврид ба таъкид аст, ки техникаи супурдашуда дар навбати аввал барои воҳидҳои нави Агентӣ ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол, ки қарор аст соли 2013 сохта шаванд, истифода хоҳад шуд.