spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВКД Украина масъалаи истирдоди А.Абдуллоҷоновро ҳаллу фасл мекунад


Дар Украина масъалаи истирдоди собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки

чанде қабл боздошт шуд

, мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Украина зикр мегардад, ки чанде қабл кормандони Сарраёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта марди 64-солаеро боздошт намудаанд, ки муддати 16 сол боз мавриди ҷустуҷӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарор доштааст.

Дар иттилоъ ҳамчунин гуфта мешавад, «ин мард барои содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст». «То ин замон ӯ дар ИМА паноҳ бурда, ба Украина бо корҳои шахсӣ омадааст, вале ҳеҷ гумоне надоштааст, ки ӯро боздошт мекунанд. Айни замон масъалаи истирдоди ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Боздоштшударо дар ватан ҷазои то 20 соли зиндон бо мусодираи амвол интизор аст», – омадааст дар иттилои расмии ВКД Украина.

Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Украина ному насаби боздоштшуда зикр намегардад, вале пай бурдани мушкил нест, ки инҷо сухан маҳз сари Абдумалик Абдуллоҷонов меравад, ки дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шуд. А.Абдуллоҷонов 64 сол дошта, тайи солҳои ахир дар ИМА ба сар мебурд.

Абдумалик Абдуллоҷонов 1 январи соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи номдор таваллуд шудааст. Бобои Абдуллоҷонов — профессор Абдураҳмон ибн аш-шайх Муҳаммад Султон ал-Маъсумӣ — олими машҳури улуми динӣ буд ва соли соли 1922 ба Арабистони Саудӣ фирор карда, онҷо мушовири шоҳи саудӣ Абдул Азиз буд.

Соли 1971 Донишкадаи технлогии Одессаро аз рӯи ихтисоси муҳандис-технолог хатм кард. Аз соли 1971 — сардор, баъдан сарвари комбинати Қайроққум шуда кор кардааст.

Аз соли 1980 — муовини вазири аъшёи хоми ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1986 — муовини якуми вазир, аз соли 1987 — вазири масолеҳи нонии ҶШС Тоҷикистон буд.

Аз 21 сентябри соли 1992 — иҷрокунандаи вазифаи сарвазир; аз 20 ноябри соли 1992 — сарвазири Тоҷикистон буд. Дар соли 1993 ба сабаби норозигӣ бо сиёсати раисиҷумҳур Эмомалии Раҳмон ба истеъфо рафт.

Дар солҳои 1993—1994 — сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Моҳи ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии худро гузошта, шикаст хӯрд. Моҳи июли соли 1996 блоки сиёсии Ҳамдилии миллиро ташкил кард. Баъдан — пешвои Чунбиши мухолифини шимол барои тамаддуни миллӣ буд. Аз нимаи даҳаи 1990-ум дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...