Чанде қабл дар мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимов бо сафири Қирғизистон дар ҶТ Урмат Саралаев масоили таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масоили таҳкими ҳамкориҳо дар масоили мубориза бо ҷинояткории муташакккил, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ атрофи ҳамкории марзӣ ва чораҷӯиҳои муштарак ҷиҳати ошкор сохтани ҷиноёти фаромарзӣ табодули назар сурат гирифт.