Пас аз гардиши сесоата дар фазои шаҳри Душанбе бар асари нуқсони техникӣ ҳавопаймои Boeing-737-300-и ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» муваффақона ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад.
Бино ба маълумоти ширкати ҳавопаймоии мазкур, ҳавопаймо соати 20 бо вақти маҳаллӣ ба Маскав роҳ пеш гирифта, пас аз якуним соати аллакай дар фазои Ӯзбекистон қарор доштан сардори ҳайати кормандони ҳавопаймо хабар медиҳанд, ки дар он нуқсонҳои фаннӣ пайдо шудаанд. Аз фурудгоҳи Душанбе тавсия медиҳанд, ки ба фурудгоҳи таъинот – «Домодедеово»-и Маскав фуруд оянд, вале ҳайати кормандон тасмим мегиранд, ки ба фурудгоҳи Душанбе бармегарданд.
Дар ҳавопаймо 141 нафар (135 нафар мусофирон ва 6 нафар узви ҳайати кормандони ҳавопаймо) қарор доштаанд.
Аз ҷузъиёти бештари ин масъала имрӯз зимни нишасти хабарӣ мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар хоҳанд дод.