Дар мавзеи «Коммунизм»-и ноҳияи Лайлаки марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду автомашинаи боркаш бо сементи барои қочоқ пешбинишуда боздошт шуданд.
Дар иттилоияи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон зикр мегардад, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ҳангоми бор кардани семент аз автомашинаи шаҳрванди ин кишвар ба автомашинаи шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.
«Пас аз таҳияи ҳуҷҷат ва расмиёти зарурӣ боздоштшудагон бо борашон ба ихтиёри мақомоти КДАМ-и ноҳияи Лайлак супурда шуданд», – гуфта мешавад дар хабар.
Дар робита ба дастрас кардани ҷузъиёти бештари ҳодиса алҳол ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муяссар нагардид ки бо Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар тамос шавад.