Дар пойтахт далели дузди ошкор шуд. тавре сомонаи расмии ВКД ЧТ хабар медихад, рӯзи 12.02.с.2013 ба ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ-1 шаҳрванд Урмонов Муборак Абдусатторович соли таваллудаш 1978, сокини деҳаи Гулпарвари ҳамин ноҳия муроҷиат кардааст, ки рӯзи 11.02.с.2013, соати 22:00-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш вориди манзили истиқоматиаш шуда, бо тариқи зӯроварӣ аз ӯ маблағи пулӣ талаб намуда, духтари 8 солаи ӯро лату кӯб намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба ғоратгарӣ шаҳрванд Қурбонов Муҳаммадҷон Камолиддинович соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.