Ҳиндустон ба Тоҷикистон ба маблағи 5,5 млн. доллари ИМА кӯмаки техникиву низомӣ расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ҳиндустон ба артиши Тоҷикистон як чархболи русии МИ-8 ва 6 мошини низомии боркаш дод.
«Дар маросими тақдими кӯмак вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев изҳор кард, ки ҳамкории низомии Точикистону Ҳинд ба нафъи амнияти минтақа хидмат хоҳад кард», – гуфт вай.
Номбурда таъкид намуд, ки дар соҳаи низомиву техникӣ Тоҷикистону Ҳиндустон шурӯъ аз соли 2002 ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд.