Сафари имрӯз пешбинишудаи як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов ба Тоҷикистон ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари В.Герасимов ба Тоҷикистон шояд аввали моҳи март сурат гирад.
«Сабаби мавқуф гузоштани сафари мансабдори воломақоми низомии Русия ба Тоҷикистон вобаста нест ва мо гуфта наметавонем, ки бо кадом сабаб нақшаҳои ҷониби Русия тағйир ёфтаанд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.