Бар асари роҳандозии як амалиёти муваффақона дар қаламрави ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ беш аз 46 кило маводи мухаддир мусодира намуданд.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, кормандони Агентӣ ба гумони интиқоли ғайриқонунии мухаддирот мошини сабукрави тамғаи “Опел-астра”-ро боздошт карда, дар ҷараёни азназаргузаронии мошин аз дохили он 43 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва наздики 4 кило афюнро дарёфт ва мусодира намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки маводи мухаддир ба зода ва сокини 35-солаи деҳаи Мишкорони ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод мутааллиқ буда, ӯ доғи судӣ надорад.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳолатҳои содир намудани амали ҷиноӣ ва шиносоии шахсони дигари алоқаманд ба он мавриди тафтиш қарор мегирад. Боздоштшуда дар тафқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.