Шоми дирӯз собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуд.
Бино ба маълумоти намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав, Сатторӣ ба бемористони №7-и ноҳияи Коломенскии вилояти Маскав мунтақил гардида, субҳи имрӯз ҷарроҳӣ шудааст. Ҳолати ӯро табибон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифтааст. Ҳадаф ва сабабҳои ҳамла ба Сатторӣ алҳол мушаххас нестанд.
Ёдрас мекунем, ки журналист Бахтиёр Сатторӣ қаблан дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав фаъолият дошта, ҳамчунин ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ифои вазифа намудааст. Моҳи июли соли гузашта аз мансаб сабукдӯш гардида буд.