spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳомии ҳуқуқи Русия суиқасд ба ҷони Сатториро фармоишӣ мешуморад


Ҳомии ҳуқуқи Русия Николай Николаев ҳодисаи суиқасд ба ҷони собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва феълан мухолифи ҳукумат Бахтиёр Сатториро фармоиши сиёсӣ унвон кард.

Ба гуфтаи вай, ҳанӯз рӯзи 23-юми январ ҳангоми тановули хӯроки нисфирӯзи дар қаҳвахона бо Бахтиёр Сатторӣ ва намояндаи мухолифини Русия Денис Билунов онҳоро 8 нафар афроди мусаллаҳ боздошт ва ба шуъбаи пулис бурда, ҳар кадомеро алоҳида бозпурсӣ мекунанд.

Ба эътиқоди Николаев, каме баъдтар маълум шудааст, ки кормандони пулис асосан ба Бахтиёр Сатторӣ таваҷҷуҳ дошта, аз ӯ дақиқан дар бораи муносибаташ бо мухолифини тоҷик, узвияташ дар гурӯҳу иттиҳодияҳо, интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон дар мукотибаҳояш дар шабакаи Фейсбук ва аз ҳама муҳим – ҷой доштани амалҳо аз ҷониби ӯ оид ба сарнагун кардани сохти конститутсионии кишвари дӯст (Тоҷикистон) маълумот ҷӯё шудаанд. «Пас аз бозпурсӣ моро ба рухсатӣ доданд», – иброз доштааст вай.

Ҳомии ҳуқуқи Русия ҳамчунин изҳор намудааст, ки рӯзи ҳамла ба Сатторӣ ӯ бо журналисти тоҷик суҳбати телефонӣ доштааст. «Мо қазияи Умаралӣ Қувватови бо дархости ҳукуматдорони тоҷик  дар фурудгоҳи Дубай (АМА) боздоштшуда, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба худи ӯ ва чанде аз асноди барнмавии рӯйи он кордоштаи журналист суҳбат доштем», – афзудааст номбурда.

Тайи солҳои ахир Бахтиёр Сатторӣ ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ифои вазифа намуда, дар ҳамон ҷо  шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Соли гузашта бо сабабҳои номаълум ӯ аз мансаб барканор гардида, ҳарчанд чандин маротиба ҷиҳати барқарор шуданаш дар вазифа бо мактуб ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда бошад ҳам, дигар сари мансаб барнагашт. Сипас ӯ ба сафи мухолифини тоҷик пайваста, бо пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов ҳамкориро оғоз намуд.

Шоми дирӯз собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуд.

Бино ба маълумоти намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Маскав, Сатторӣ ба бемористони №7-и ноҳияи Коломенскии вилояти Маскав мунтақил гардида, субҳи имрӯз ҷарроҳӣ шудааст. Ҳолати ӯро табибон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифтааст. Ҳадаф ва сабабҳои ҳамла ба Сатторӣ алҳол мушаххас нестанд.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳомии ҳуқуқ Николай Николаев ҳамчунин ба сифати ҳимоятгари Умаралӣ Қувватов низ фаъолият мекунад ва маҳз ӯ шоҳиди боздошти У.Қувватов рӯзи 23-юми декабр дар фурудгоҳи Дубай аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...