Шаҳрвандони гаравгон гирфитаи Украина, ки гӯё 31-уми январ онҳоро кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озод кардаанд, санаи 16-уми феврал ба ватан баргаштаанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Украина, мувофиқи маълумоти иловагии сафоратхонаи Украина дар Тоҷикистон, амалҳои тафтишотӣ бо иштироки се нафар украиниҳо, ки аз гаравгонӣ дар қаламрави Тоҷикистон озод шудаанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии салоҳиятдор ба итмом расидааст.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду рад ҳам насохтанд.
Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки шаҳрвандони озодшудаи Украина Александр Семиряков, Василий Яремчук ва Евгений Ленок дар як манзили барҳавою мусоид дар Душанбе таҳти ҳифозати кормандони ВКД-и Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
Ба гумони даст доштан дар гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина шаҳрванди Қазоқистон Сафархоҷа Партоев ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим боздошт шуда, нисбати онҳо аз рӯи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 259 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои наздикони Партоев, ҳеҷ кас ҳеҷ кадоме аз шаҳрвандони Украинаро гаравгон нагирифтааст ва гузашта аз ин, дар ин қазия ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон мебошанд, ки онҳоро шаҳрвандони Украина фиреб карданӣ шудаанд.
С.Партоев ва А.Семрияков ҳамроҳ ба тиҷорати ҳамлу нақли автомашинаҳо машғул будаанд. Бо анҷоми яке аз амалиётҳои корӣ А.Семиряков аз С.Партоев қарздор мешавад. Шаҳрванди Қазоқистон аз А.Семиряков пардохти маблағи қарзро талаб менамояд, аммо ӯ аз баргардонидани қарз саркашӣ намуда, ба хешовандонаш дар Украина хабар медиҳад, ки ӯ ва ду шаҳрванди дигари Украина (В.Яремчук ва Е.Ленок)-ро дар Душанбе гаравгон гирифтаанд.