spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Талаби сафорат ҷиҳати тафтиши дақиқи қазияи Б.Сатторӣ


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  субҳи имрӯз аз хабари расонаҳо огоҳ гардид, ки бо шаҳрванди кишварамон Бахтиёр Сатторӣ, соли таваллудаш  17 октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хуҷанд, чунин

ҳодисаи фоҷеабор

ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар изҳороти пахшшудаи сафорат гуфта мешавад, дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардид, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло дар ин хусус парвандаи ҷиноӣ боз гардида, муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нагатино-Садовникии пойтахт ба баррасии ин қазия машғуланд. Дар бораи ҷузъиёти бештари ин қазия танҳо баъди ба анҷом расидани тафтишот метавон ҳарф зад.

Ҳамчунин маълум гардид, ки ҳоло шаҳрванд Б. Сатторӣ баъди гузарондани ҷарроҳӣ дар Бемористони клиникии №7-и шаҳри Москва бистарист.

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз рух додани ин ҳодиса дар нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таассуф ва нигаронӣ мекунад. Мо аз мақомоти марбутаи кишвари иқомат тафтиши ҳарчи зудтари ин қазия ва дарёфти ҷинояткоро талаб дорем. Бояд, ки ҷинояткор дастгир ва тибқи қонунҳои мавҷуда муҷозот шавад.

Сафорат бо ҳамин ният бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат пайваста дар тамос аст ва таҳқиқи ин қазияро мавриди назар қарор додааст.

Дар хабари баъдан расида аз сафорат зикр мегардад, ки дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардидааст, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар хиёбони Варшавское шоссе, 156 -и шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло муфаттишони Шуъбаи корҳои дохилии ” Чертаново- Южное”-и пойтахт ба беморхона рафтаанд, то бо ҷабрдида мулоқот намоянд.

Ахиран духтури навбатдор хабар додааст, ки шаҳрванд Б. Сатторӣ ба палати шуъбаи ҷарроҳӣ гузаронида шуда, вазъи саломатияш қаноатбахш аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...