Бо фармони вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов бо медали ҷашнии «20-умин солгарди Артиши Миллӣ» сарфароз гардонида шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, маросими супурдани медалӣ ҷашнӣ субҳи имрӯз барпо шудааст. Зикр мегардад, ки Рамазон Раҳимов баарои хизматҳои шоиста дар таҳкими суботу оромӣ дар кишвар ба ин медал сазовор дониста шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл бахшида ба Рӯзи таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бисёре аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди генералӣ
қадрдонӣ
шуда буданд.