Ахири ҳафтаи гузашта дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Покистон ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон як чорабинӣ доир гардид, ки дар он намояндагони доираҳои низмоии Покистон, кормандони низомии сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Исломобод ва ҳамватанони тоҷик ширкат варзиданд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод, зимни суханронӣ дар чорабинии мазкур сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов дар бораи марҳилаҳои ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, таъмини амнияту ҳифзи тамомияти қаламрави кишвар аз ҷониби онҳо маълумот дод.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин изҳор намуд, ки рушду тавсеъаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Покистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн яке аз самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.