Фармони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ» моҳи июли соли гузашта бекор карда шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фармони мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сохтакорӣ дар ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани шахсияти шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати паст кардани вазъи криминогенӣ дар ҷумҳурӣ, амалӣ намудани бақайдгирии ҳисоботи фаврӣ-маълумотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ содир шуда буд.
Дар иттилои нашршудаи вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки ин фармон ҳамчунин баҳри коркард, ба низом овардан, махфӣ нигоҳ доштан, додани онҳо барои истифода ба судҳо, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти таҳқиқ, мақомот оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебарад ва мақомоти фаъолияти системаи ҷиноию иҷроия нигаронида шуда буд.
Гуфта мешавад, бо сабаби иҷро гардидани мақсадҳои дар боло зикргардида, бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 26 феврали соли 2013 ин фармон аз эътибор соқит дониста шуда, барои иҷро ба раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шудааст.