spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент 70 нафар маҳбуси низомиро афв кард


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар собиқ маҳбусони низомиро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, мавриди афв қарор дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муҳлати адои ҷазои минбаъда 50 нафар  собиқ хизматчиёни низомӣ озод гардида, муҳлати ҷазои боз 20 нафари собиқ низомиён кам карда шудааст. Ҳамаи 50 нафар афвшуда, ки ному насабашон ифшо намегардад, имрӯз аллакай дар озодианд.

«Миёни онҳо хизматчиёне ҳузур доранд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ аз қабили худсарона тарк кардани қисми низомӣ, даст доштан дар муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар ҷиноёти начандон назаррас маҳкум шуда буданд. Низомиёне, ки барои содир намудани ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё қатли инсон маҳкум шуда буданд, мавриди афв қарор нагирифтанд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми хайру башардӯстона ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Артиши миллӣ сурат гирифт.

Ба андешаи коршиносон, ин оғози таҷрибаи хуб буда, бори нахуст аст, ки дар ҷашни Артиши миллӣ хизматчиёни низомӣ афв шуданд. «Аз ин хабар танҳо эҳсоси мусбат ҳосил шуда, агар софдилона иқрор шавем, дар маҳкум гардидани онҳо гуноҳи мо, роҳбарон ва фармондеҳони сохторҳои қудратӣ низ ҳаст. Ин камбудиву норасоии фаъолияти мо низ мебошад», – гуфт бо шарти ифшо нашудани номаш як намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Афви шаҳрвандон яке аз ваколатҳои президенти ҶТ мебошад, ки он дар моддаи 69-и Конститутсияи кишвар зикр шудааст. Мувофиқи Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳар як маҳкумшуда метавонад мавриди афв қарор гирад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...