Имрӯз Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва лавозимоти шахсӣ иборат аз лавозимоти шахсии ҳимояткунанда, либосҳои гарм ва лавозимоти размороиро бо арзиши зиёда аз 460 000 доллари амрикоӣ ба отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шуробод супорид.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, таҷҳизоти мазкур ба баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон ва ифротгарон мусоидат мекунад. Аз ҷонибӣ сафорати ИМА дар ин чорабинӣ атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел ва роҳбари барномаи зидди маводи нашъаовар Артур Тарян ширкат варзиданд.
Подполковник Джон Фрейвел дар суханронии хеш қайд кард: “Ҳукумати Амрико бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқ ва нашъаҷаллобӣ мақсадҳои муштарак дорад. Кӯмаки мазкур кӯшишҳои қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадиро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ба таври назаррас беҳтар намуда, амнияти марзбононро, ки баҳри бехатарии Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд таъмин менамояд”.
Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз як миллиард доллари амрикоро баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасон, ки ба рушди иқтисод мусоидат намуда, фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ҷудо намудааст.