Ҳавопаймои Airbus A320-и ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр»-и Тоҷикистон рӯзи 11-уми март бинобар ошкор шудани нуқсҳо дар кори муҳаррик соати 12-и вақти Душанбе бо 150 нафар мусофир ва 7 корманди ҳайати ҳавопаймо ба таври садамавӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Жезказгани вилояти Қарағандаи Қазоқистон фуруд омада буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии мазкур хабар доданд, ҳавопаймо парвоз тавассути хатсайри Кӯлоб-Екатеринбургро анҷом медод ва пас аз гузашти тақрибан 2 соат аз вақти парвоз низоми таъмини сӯзишворӣ ҳушдор додааст, ки аз яке аз зарфҳои сӯзишворӣ интиқоли бензин ба пуррагӣ ҷараён надорад.
«Пас аз фуруд омадан дар майдони ҳавоии шаҳри Жезказган ҳавопаймо мавриди санҷиши дақиқ қарор гирифта, нуқсу камбудиҳо ошкор нашуданд ва пас аз се соати фурудоӣ ҳавопаймо ба макони таъинот раҳсипор шуд», – гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, ҳуди ҳамон рӯз ин ҳавопаймо парвоз ба шаҳри Маскавро низ анҷом дода, бидуни ҳеҷ мушкилоте ба фурудгоҳи Кӯлоб баргаштааст. «Сарфи назар аз ин, мо барои ошкор сохтани ба чунин вазъ гирифтор шудани ҳавопаймо комиссия ташкил намуда, имрӯз ин ҳавопаймо мавриди истифода қарор дорад ва ба парвозҳои минбаъда омодагӣ мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.
Қобили зикр аст, ки ширкати «Ист Эйр» соли 2007 дар Тоҷикистон сабтином шуда ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст. Фрудгоҳи заминавии ширкати «Ист Эйр» Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб мебошад. Парки ширкат аз 4 ҳавопаймо – 1 Боинг 737-300, 1 Боинг 737-400 ва 2 Аэробуси А320 иборат аст.