Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар кори 56-умин иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъаовар, ки чанде қабл дар шаҳри Вена бо ширкати вазирон ва роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии 169 кишвари олам оғоз гардид, ширкат меварзад.
Бино ба маълумоти АНМН дар иҷлосия суханронии сарвари Агентӣ зимни баррасии ҷараёни татбиқи «Барномаи минтақавии пуштибонии талошҳо дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014», ҳамчунин ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) дар назар аст.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст президенти Боливия ҷаноби Эво Моралес ва Муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷаноби Юрий Федотов ширкат доранд.