Ахири ҳафтаи гузашта Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ХФСХИА) Витенис Бенетис ва Маури Пасаненро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар мулоқот, ки бо ташаббуси ХФСХИА созмон ёфта буд, Директори Агентӣ ҳайатро бо вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд.
Ғайр аз ин Р.Назаров ба меҳмонон дар бораи ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкасбонашон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иттилоъ дод.
Сарвари АНМН дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, фаъолиятҳои Агентӣ ва дастоварду дурнамои рушди он, натиҷаҳои ҷамъбасти “Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва муқобила бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ҳадафҳои аслии қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 муфассал нақл намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат ҳамчунин аз натиҷаи ҳамкориҳои зиддимухаддиротии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд ва АНМН ва ХФСХИА хостори рушди ин ҳамкориҳо дар оянда шуданд.