spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ситоиши ҳамкориҳои дуҷонибаи зиддимухаддиротии Тоҷикистону СММ


Муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов дар сӯҳбат бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров ҳамкориҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва СММ дар самти назорати маводи мухаддирро ситоиш кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар ин сӯҳбат, ки рӯзҳои баргузории 56-умин Иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъаовар дар Вена доир шуда буд, соҳибмақоми Агентӣ ба Юрий Федотов дар бораи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар кишвар, татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи минтақавии пуштибонии кӯшишҳо дар мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014”, “Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва муқобила бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ҳадафҳои аслии қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки 13 феврали соли равон  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд,  муфассал маълумот дод. 

Юрий Федотов ҳамкориҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ кард ва ба коре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар пешгирӣ аз қочоқи мухаддирот дар минтақа анҷом медиҳанд, изҳори миннатдорӣ намуд.  Қайд карда шуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад намуд.

Дар доираи сафари худ ба Вена Директори Агентӣ ҳамчунин як сислсила дидору мулоқот бо сарварони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳо доир намуд. Аз ҷумла, бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сарварии вазири корҳои дохилӣ ва Дабири кулли Ситоди мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар Мустафо Муҳаммади Наҷҷор, вазири мубориза бо маводи мухаддири ҶИА Зарор Аҳмад Муқбили Усмонӣ, Раиси Хадамоти назорати маводи мухаддири Қирғизистон Олимбой Султонов сари масоили талошҳои мутақобила ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси Созишномаи имзошуда миёни АНМН ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири ҶИЭ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, роҳандозии амалиётҳои муштарак дар ноҳияҳои марзии Исфара ва Боткен, фаъолияти афсарони Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддир дар АНМН, ташкили гурӯҳи муштарак аз ҷумлаи мутахассисони илм, фарҳанг, тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои баргузор намудани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар сӯҳбатҳо доир намуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...