Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев аз ҳодисаи бедарак шудани духтарчаҳои хурдсол рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир баҳри ҳарчи зудтар дарёфт намудани онҳо супориш дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев зимни иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум бо ишора ба ин қазия зикр кард, ки аз ҷониби падару модарон нодида гирифтани талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар ба ин гуна ҳодисаҳо оварда мерасонад.
Дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров оид ба ҷараёни иҷрои самараноки Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе дар солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.