Дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ толибаи 12-солаи мактаби таҳсилоти умумии №20-и пойтахт О.П. навиштааст, ки шоми рӯзи 2-юми апрел дар маркази шаҳри Душанбе афроди номаълум кӯшиши дуздидани писарчаи хурдсолро кардаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, дар ин рӯз ӯ бо хоҳиши омӯзгор каме дертар (яқинан толибаи басти 2-юм) аз мактаб ба хона раҳсипор шуда, ин замон як автомашинаи тамғаи хориҷӣ (ҷип)-и рангаш сиёҳ ё хокистарранг омада, аз дохили он ӯро фарёд ва сипас ба сӯяш ҳаракат кардаанд.
Дар идома ӯ менависад, ки ба як даромадгоҳи ростомада ворид шуда, онҷо каме меистад ва сипас онҳо мераванду ӯ ҳам ба хонаашон раҳсипор мегардад. Пас аз 15 дақиқа фарёди писарчаи 5-солаи ҳамсоя ба гӯшаш мерасад. Ӯро дошта, ба дохили автомашина бурданӣ будаанд. Вақте падари писарча берун меояд, онҳо ӯро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.
Ба қавли ҳамсояҳо, дарвоқеъ ҳам баъди чанде ба назди хонаи онҳо, ки дар назди мактаби №20 воқеъ аст, кормандони милиса омадаанд. Онҳо гуфтаанд, оилаи Маҷидовҳо дар бораи кӯшиши рабудани кӯдак ариза навишта, ба кормандони милиса супурдаанд.
Тасдиқи ин маълумот дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муяссар нашуд, зеро аксари телефонҳои мақомот ба зангҳо посух намедиҳанд.