spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВКД овозаҳои дарёфти духтарони хурдсолро рад мекунад


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ овозаҳои кушта дарёфт шудани духтарони хурдсол Араловаҳо ва гӯё аз ҷониби мақомот пинҳон доштани ин маълумот барои сар назадани воҳимаҳо миёни аҳолиро рад мекунад.

Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки аз ҷустуҷӯи духтарони хурдсол алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудаааст.

«Ман шахсан шоми 3-юми апрел ва субҳи имрӯз дар телевизион суханронӣ намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш кардам, ки агар маълумоти пурқимате дар ин бора дар даст дошта бошанд, ба мақомот пешниҳод кунанд. Ному насаби онҳо маҳфуз нигоҳ дошта шуда, аз ҷониби вазорат бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд», – иброз дошт ӯ.

ВКД аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони гумшуда Маликаву Сабина ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягонҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки тавассути «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, бо телефонҳои  223-23-31, 227-98-98, 221-08-30, 227- 00-57 ва ё бо таври хаттӣ ба ВКД ва ШВКД дар ҷойҳо хабар диҳанд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба ҳодисаи беномунишон гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Тамоми фарзияҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дошта, баҳри пайдо кардани маълумот ва дарёфти ҳарчи зудтари онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад. Мавзеъҳои гирду атрофи макони ҳодиса мавриди назорат ва ҷустуҷӯ қарор дорад, зеро макони бедаракшавии духтарчаҳо ҷойи пуриздиҳом буда, онҷо марказҳои тиҷоратӣ, вокзал бозор ва иншооти зиёди бахши хусусӣ воқеъ аст.

Ба ҷустуҷӯ ҳамчунин ихтиёриёни гурӯҳи махсуси дар ин робита таъсисёфта дар шабакаи Фейсбук низ пайвастаанд. Онҳо аксҳои духтарони бедаракшударо дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр ширеш намуда, мардуми зиёдеро дар макони гумшавии онҳо пурсуҷӯ доранд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол – Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...