Рӯзи 14-уми апрел суди Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) дар бораи рухсати истирдоди пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, ки моҳи декабри соли гузашта боздошт шуда буд, қарор қабул кард.
Ба гуфтаи ҳимоятгар Николай Николаев, суд қарори мазкурро бидуни назардошти ақидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул кардааст. Ӯ бар ин назар аст, ки истирдод ба хотири амали коррупсионии суд сурат мегирад. «Тибқи маълумоти мавҷуда, судяи ин қарорро содирнамуда барои коррупсия метавонад аз мақомаш маҳрум гардад. Тоҷикистон ба судя маблағи дорои 8 сифрҳоро додааст», – иброз доштааст адвокат дар саҳифаи фейсбукии худ.
Николаев ҳамчунин зикр кардааст, ки ба ӯ алҳол қарори суд дастрас нагардида, «аз ин рӯ, ин ҳоло маънои истирдоди таъҷилии Қувватов ба Тоҷикистонро дошта наметавонад». Ба қавли адвокат, дар қонунгузории АМА муқаррароте мавҷуд аст, ки тибқи он, метавон аз ин канорагирӣ намуд.
Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов моҳи декабри соли 2012 дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ аз Маскав омада, минбаъд нияти сафар ба Брюсселро дошт. Қувватов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии Дубай қарор дорад. Моҳи март Николаев
дар бораи бедарак шудани Қувватов
аз тавқифгоҳ хабар дода буд, вале баъди чанде ин маълумот рад карда шуд.
Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд. Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.
Чанде қабл дар видеохостинги Youtube
сабти тозаи аудиоии
пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.