Дар доираи тафтиши ҳодисаи муноқишаи дастаҷамъона дар бозори Сеннийи шаҳри Санкт-Петербург, ки дар он зодаи Кабардино-Балкарияи Русия ба ҳалокат расид, ба як шаҳрванди Тоҷикистон расман айбнома пешниҳод шуд.
Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Русия, Оламафрӯз Исмоилови 21-сола ба он муттаҳам дониста мешавад, ки зимни муноқишаи дастаҷамъона бо иштироки 10 нафар аз рӯйи хусумати шахсӣ ба ҷабрдида шаш маротиба бо корд зарба задаст, ки бар асари он ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Зикр мегардад, ки пас аз муноқиша Исмоилов пинҳон шуда, ба шаҳри дигар рафтанӣ будааст, вале дар қатораи самти Санкт-Петербург-Ковров аз ҷониби кормандони пулис боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, зимни пурсиш Исмоилов софдилона пурра ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва айни замон тафсилоти куштор мавриди таҳқиқ қарор дошта, оид ба ҳабси боздоштшуда қарор қабул мешавад.