Танҳо дар зарфи 2 рӯз аз оғози амалиёт «Чароғаки раҳнамо», ки рӯзи 17-уми апрел дар пойтахт шурӯъ шуд, дар роҳҳои пойтахт 1485 далели вайронкуниҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, аз ҷумла қонуншиканиҳои зерини ронандагон ошкор шуданд: идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ-10, бе ҳуҷҷати ронандагӣ-82, бо шишаҳои сиёҳкардашуда-14, бе рақами қайди давлати-3, бо рақамҳои бегона-2, итоат накардан ба талаботи корманди милитсия-18, истифодаи телефони мобилӣ зимни идораи воситаи нақлиёт – 92 нафар ва ғайра.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти «Чароғаки раҳнамо» то 17-уми май идома меёбад.