spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

СБМ: Ҳудуди 500 ҷабрдида аз хариду фурӯши одамон тӯли 6 сол



Аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ҳудуди 500 нафар ҷабрдидагон аз ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон тӯли 6 соли ахир муайян карда шуданд.

Мушовири СБМ оид ба мубориза зидди хариду фурӯши одамон Гулчеҳра Иброҳимова ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки тӯли солҳои 2006-2012 аз ҷониби кормандони созмони мазкур 469 нафар қурбонии хариду фурӯши одамон муайян карда шудаанд, ки 258 нафарашонро занони синнусоли аз 14 то 47 сола ва 211 нафарашонро мардони синнусоли аз 14 то 60-сола (миёни онҳо 90 напрашон ноболиғон) ташкил медиҳанд. Аз ин шумор ба 263 нафар дар шелтерҳо (паноҳгоҳ) кӯмак расонида шудааст.

«Айни замон бо мусоидати СБМ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои мардону занон яктогӣ паноҳгоҳҳо фаъолият мекунанд, ки дар як вақт метавонанд 6-12 нафарро қабул намоянд»,- иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, аз моҳи апрел идоракунии ин паноҳгоҳҳо ба дӯши созмонҳои шарики СБМ – Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» дар Душанбе ва Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар Хуҷанд вогузор шудааст. «Аксаран ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон ба Русия бурда мешаванд, дар 35%-и ҳолатҳо қурбони ғуломии шаҳвонӣ гардида, дар 40%-и ҳолатҳо ба корҳои маҷбурӣ ҷалб мешаванд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (ҳамин давраи соли 2012 – 533 ҷиноят) пешгирӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и КҶ ҶТ дар ин давра 5 парвандаи ҷиноӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 6 парванда) ва тибқи моддаи 130, дараҷ. 1 (Хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (семоҳаи аввали соли 2012 – 3 парванда) боз шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...