Дар дафтари кории Барномаи рушди СММ зимни баргузории машварати ҳармоҳаи Гурӯҳи роҳбарони созмонҳои мададрасон раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров «Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро муаррифӣ намуд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, Стратегияи мазкур аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 13-уми феврали соли равон тасдиқ гардида, дар маросими муаррифии он сафирони 10 кишвари муқими ҷумҳурӣ ва ҳамчунин роҳбарони лоиҳаҳои байнулмилалии зиддимухаддиротии дар Тоҷикистон мавриди амалисозӣ қарордошта ширкат варзида буданд.
Рустам Назаров дар бораи сабабҳои водоркунанда ба қабули Стратегияи миллӣ, ҳадафу вазифаҳо, тадбирҳои амалисозӣ ва натиҷаҳои интизоридошта аз Стратегия маълумоти муфассал дод. Ба масъалаи механизми амалисозии Стратегия ва ҳамкории байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар фарҷоми суханронӣ директори Агентӣ ба саволҳои сершумори иштирокдорони машварат посух гуфт. Ба иштирокдорони машварат китобчаҳои «Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Гузориши вазъи мухаддирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ тақдим карда шуданд.