Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли миқдори ниҳоят зиёди мухаддир аз ҷониби қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, тибқи маълумоти расида муайян карда шудааст, ки дар ҷамоати деҳоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод байни деҳаҳои Кишт ва Шоун дар назди дарёи Панҷ, қоҷоқчиёни силоҳбадаст – шаҳрвандони Афғонистон марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, мехоҳанд, ки воситаҳои нашъадорро ба миқдори махсусан калон ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
«Дар ин ҳолат, ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қочоқчиён аз ҷониби кормандони шӯъбаи 6-уми Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ба онҳо амр карда шуд, ки дар ҷойи худ бозистанд, лекин қочокҷиён итоат накарда, борхалтаҳои дар даст доштаашонро ба замин партофта, ба самти номаълум фирор кардаанд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.
Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 100 килою 300 грамм маводи нашъадори «бангдона» ва 3 килою 715 грамм маводи нашъадори навъи «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.