14 нафар маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба ватан истирдод шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар дод, истирдод ҳафтаи гузашта тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2006 баимзорасида оид ба истирдоди маҳбусон барои адои ҷазо дар ватан сурат гирифт.
«Ин маҳбусон асосан ба убури ғайриқонуии марзи давлатӣ муттаҳам дониста шуда, дар маҷмӯъ зиндониёне истирдод мешаванд, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин даст назадаанд», – иброз дошт сарчашмаи хабар ва дар ҳамин ҳол, мушаххасан дар бораи шумори умумии маҳбусони аз Тоҷикистон истирдодшуда аз замони имзои созишнома маълумот надод.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз замони имзои созишномаи зикршуда даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Афғонистон ба ватан истирдод шудаанд. Айни замон дар зиндонҳои кишвари ҳамсоя 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – 6 нафар дар маҳбасхонаи Пули Чархӣ ва 3 нафар дар зиндони Қундуз қарор доранд.