Дар мақомоти интизомии вилояти Нижегороди Русия нисбати узви эҳтимолии бахши созмони ифротгарои Ҳизб-ут-Таҳрир» дар ин вилоят ба гумони даст доштан дар омодагирӣ ба содир кардани амали террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бино ба иттлои хабаргузории Regnum бо истинод ба мақомоти интизомӣ, зимни чорабинҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор шудааст, ки аъзои ин бахши созмон фаъолона ба ҷалби узви нав машғул будаанд.
Дар ҷараёни тафтишот кормандони фаврӣ далелҳои аз ҷониби 3 нафар узви бахш (ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон) анҷом пазируфтани амалҳои бевоситаи ҷустуҷӯ, тайёр кардани восита ва дигар лавозимот барои содир намудани як силсила амалҳои террористӣ дар қаламрави ин вилоят ҷамъоварӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ин воситаву лавозимот мусодира ва айни замон чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.