Чанде қабл Департаменти давлатии ИМА рӯйхати навбатии ҳамасолаи кишварҳоеро ба нашр расонид, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунанд. Чун соли пешин дар ин рӯйхат муаллифон дар қатори «кишварҳои террорист» аз Эрон, Судон, Сурия ва Куба ном бурдаанд.
Гуфта мешавад, бинобар сабаби мушкилоти ирсол ва қабули воситаҳои пулӣ, чанде аз гурӯҳҳои марбут ба «Ал-Қойида» бо мақсади ба даст овардани воситаҳои пулӣ ва маблағгузории амалҳои террористӣ ба одамрабоӣ машғул мешаванд.
Зикр мегардад, ки ситезаҷӯиву таҳдидҳои террористӣ «бештар ғайримутамарказ ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ «пароканда» шудаанд».
Муаллифон зикр мекунанд, ки сарфи назар аз дар 85 кишвари дунё сурат гирифтани амалҳои террористӣ дар соли равон, аз нигоҳи ҷуғрофӣ онҳо «мутамарказ» буданд. Бештари чунин амалҳо (55%) дар се кишвар – Покистон, Ироқ ва Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, мутаносибан 62%-и кушташудагон ва 65%-и захмишудагон низ ба ин давлатҳо рост меоянд.