Дар шаҳри Душанбе кӯдаки навбатӣ бедарак гум шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе 9-уми июн ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт сокини шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдуҷабор Тошеви 36-сола муроҷиат намуда, изҳор кардааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷони 5-сола аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст.
Зикр мегардад, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва ҳамсӯҳбат шудан бо сокинони маҳаллӣ муайян карда шуд, ки марди ношинос ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷонро ба тарафи номаълум бурдааст. Барои ёфтани ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия тамоми чораҳо андешида шуда, ҷустуҷӯ идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон низ каме дуртар аз маркази тиҷоратии «Саlбарг»-и пойтахт духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо низ бе ному нишон гум шуданд. То ҳанӯз аз ҷустуҷӯи онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.