Чанде қабл вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкориҳои муштаракро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо, аз он ҷумла дар самти рабурдани воситаҳои нақлиёт ва ташхиси автомашинаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири корҳои дохилӣ меҳмонро хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самтҳо натиҷаҳои хуб ба даст овардааст.
Гуфта мешавад, дар навбати худ Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз пазироии самимии Вазири корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Шумо мубодилаи иттилоот дар самти кофтукови ҷинояткорон пурзӯр гардида, ҳамоҳангсозӣ ва дар якҷоягӣ амал намудан натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки дар оянда барои пешбурди кор ба ҳамдигар муосидат менамоянд.
Дар хотимаи вохӯрии судманд тарафайн ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, Котиби генералии «Интерпол» Роналд Кеннетт Нобл аз Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.