Дар
сафари
чанде қабл доиргардидаи котиби генералии Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) Роналд Кеннет Ноубл ба Тоҷикистон ба масъалаи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд.
Бино ба иттилои
сомонаи расмии Интерпол
, баррасии масъалаҳои таъмини амният, мубориза бо терроризм, таҳкими марзҳо ҷиҳати пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон дар меҳвари барномаи сафари роҳбари ин созмон ба Душанбе қарор доштанд.
«Мақомоти интизомии Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба фаъолияти гурӯҳҳои фаромиллии нашъаҷаллоб мувоҷеҳанд, ки аз қитъаҳои начандон таҳти дидбонӣ қарордошта истифода мекунанд ва мушкили дигар дар он аст, ки Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон буда, аксаран онҳоро ба танфурӯшиву меҳнати маҷбурӣ водор мекунанд», – зикр мегардад дар сомонаи Интерпол.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо шарикони байнулмилалӣ ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кӯшиш ба харҷ медиҳад.