spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъсири посбонии шабона ба фаъолияти кормандони мақомот


Шурӯъ аз моҳи апрел, беш аз ду моҳ аст, ки кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод) мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд.

Ҳеҷ яке аз мақомоти интизомӣ ба ОИ «Азия-Плюс» сабаби ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб шудани кормандони худро мушаххасу саҳеҳ шарҳ дода натавонист. Мутобиқи қонунгузорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба дӯши танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор шудааст.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», барои навбатдории барзиёд ва посбонии шабонаи шаҳр, ба кормандони сохторҳои қудратӣ изофапулӣ ба музди меҳнат пардохт намегардад. Як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» дар мақомоти интизомӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор намуд, ки рӯзи кории пурра ва посбонии шабона ба натиҷаҳои фаъолияти кори ҳамарӯзаи кормандони мақомоти таъсири зиёд мерасонанд.

«Пас аз посбонии шабона, ки то 3-4-и субҳ идома мекунад, кормандон аз нигоҳи ҷисмонӣ ба иҷрои вазифаҳои муқаррарии ҳамарӯзаи худ қодир нестанд. Ғайр аз ин, ахиран ҳатто мутахассисони варзида ба ин гуна сарбориҳо тоб наоварда, аз кор мераванд», – гуфт ҳамсуҳбати ОИ «Азия-Плюс».

Маълумот дар бораи мизони ошкоршавии ҷиноятҳо дар кишвар гувоҳи онанд, ки таҷрибаи истифодаи посбонии шабона дар беҳбуди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ самараи хубе ба бор намеоварад.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, посбонии шабонаи пойтахт то нимаи моҳи ноябр, маъракаи интихоботи президентӣ идома меёбад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...