Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо ташкилоти голландии башардӯстонаи «СПИД Фонд Восток-Запад» (AFEW) дар толори меҳмонхонаи «Истиқлол» мизи мудаввар гузарониданд.
Бино ба иттилои АНМН, дар кори он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок карданд. Муовини Директори АНМН Бунафша Одинаева ҷаласаро кушода, қайд кард, ки новобаста аз ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ/СПИД, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва тамоили воридшавии қисми аҳолии кишвар ба истеъмоли мухаддирот ва паҳншавии бемории ВИЧ ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст.
Барои иштирокчиёни мизи мудаввар муаррифии электронӣ пешниҳод карда шуд, ки дар байни онҳо ҷолибтаринаш Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 буд.
Дар вақти баҳси мавзӯъ иштирокчиён бештар дар самти ҳамкориҳои сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои муфид карданд.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи бо истеъмоли маводи нашъадор алоқамандро муҳокима намуданд. Дар рафти мизи мудаввар ба онҳо маълумоти пурра дар бораи вазъи эпидемиологии бо ВНМО ва бемории сил алоқаманд дар кишвар пешниҳод карда шуд.