Хадамоти мубориза бо маводи нашъаовари Покистон аз як кӯшиши қочоқи миқдори рекордии маводи кимиёвӣ аз Покистон ба Тоҷикистон бо роҳи транзит тариқи Афғонистон ҷилавгирӣ намуд. Миёни боздоштшудагон ду зодаи Тоҷикистон низ ҳузур доранд.
Бино ба иттилои хабаргузории покистонии
International News
, хадамоти зиддимухаддироти Покистон дар ширкати AL-Khyber Ittehad Goods як рейде гузаронида, дар ҷараёни он аз қочоқи ҳудуди 103,563 кило намаки кислота, ки барои тайёр кардани героин зарур аст, пешгирӣ намудаанд.
«Се қочоқбар, аз ҷумла ду зодаи Тоҷикистон боздошт шуданд», – иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ бо истинод ба иттилоияи расмӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 2 ҳазору 799 адад зарф бо кислотаи намак низ мусодира гардида, ин мусодираи миқдори рекордӣ дар сатҳи глобалӣ унвон мешавад.