Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи ҳамсари худ сокини деҳаи Ваҳдати ҳамин ноҳия Бахтиёр Сафарови 45-соларо боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ӯ рӯзи 20уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00-дақиқа бинобар сабаби ба миён омадани рашк, ҳамсараш Фараҳноз Нозимоваи 40-соларо бо корди хоҷагӣ бо бераҳмии махсус 14 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа Фараҳноз Нозимова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.