Дар ноҳияи Ленини вилояти Маскав кормандони пулис ду нафар шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро боздошт намуданд.
Хабаргузории ТАСС бо такя ба маълумоти намояндаи ВКД Русия Елена Алексеева дар ин робита менависад, кормандони Сарраёсати ВКД ва Раёсати Хадамоти федералии амнияти Русия дар шаҳр ва вилояти Маскав аз боздоштшудагон се адад таппончаи Макаров ва ҳудуди 50 дона тир дарёфт ва мусодира кардаанд.
Ғайр аз ин, зимни азназаргузаронии автомобили мутааллиқ ба яке аз боздоштшудагон 171,3 грамм маводи тротил дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 22, қ. 1-и КҶ Русия «Ғайриқонунӣ харидан, интиқол, фурӯш, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё нигаҳдории аслиҳа, қисматҳои асосии он, муҳимоти ҷангӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.