Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи таркиш дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбул миёни осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул вазъ атрофи ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.
«Мо бо консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул мудом дар тамосем ва тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон шаҳрвандони мо нестанд. Дар навбати худ консулгарӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон робита барқарор намуда, дар сурати зарурат ба онҳо кумаки лозима хоҳад расонид», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 12 январ дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбули Туркия таркиш рух дода, бар асари он 10 нафар ҳалок, аз ҷумла сайёҳон аз Олмон ва боз 15 тани дигар захм бардоштанд.