Дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд, ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад. Дар ин бора ВАО
иттилоъ медиҳанд.
Дар ин навор Бобоқулова изҳор медорад, ки ба хотири интиқом духтарчаро куштааст. «Путин бо ҳавопаймоҳо бомбаборон мекунад. Чаро шумо мо, мусалмононро бомбаборон мекунед, чаро касе чизе намегӯяд? Онҳо ҳам зиндагӣ кардан мехоҳанд… Бубинед, кӯдаки хурдсоли хурдсол…», – иброз медорад зан. Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки нияти сафар ва иқомат дар Сурияро доштааст, вале ба савол дар бораи пайвастан ба сафҳои «Давлати исломӣ» посух нагуфтааст.
Хабаргузории
РБК
дар ин робита менависад, навори видеоиро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карда, якчанд фарзияҳои он дар You Tube дастрас аст. Ба ин навор блогернависон ва чанде аз ВАО, аз ҷумла Reuters низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Аммо мушаххасан аз ҷониби кадом корбар гузошта шудани навор маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои “Аллоҳ Акбар!” дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.
Суди Пресненскии шаҳри Маскав дар бораи ба муддати ду моҳ, то 29 апрел ба ҳабс гирифтани Гулчеҳра Бобоқулова, ки рӯзи 29 феврал духтарчаи 4-соларо ба қатл расонид,
қарор қабул кард
.
Ҳамчунин ВАО
иттилоъ дода буданд
, ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.