Ҳавопаймоҳои боркашиашон вазнини нақлиётии Ан-124-100 «Руслан» нуқтаҳои мобилии муосири идоракунӣ, низомҳои худкор ва техникаи алоқаро, ки интиқоли маълумот ва дастурҳои ҷангӣ ба ҷузъу томҳои низомӣ зимни тамринҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодӣ ва размоиши имрӯз оғозмешудаи воҳидҳои Қуваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистонро таъмин мекунанд, ба Душанбе интиқол доданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия хабар медиҳад.
Ҳамчунин воҳидҳои нозироти автомобилӣ ва пулиси низомӣ низ тариқи ҳавопаймо омадаанд, ки вазифаҳо оид ба таъмини ҳаракати қатораҳо, ҳифзи урдугоҳҳои заминавӣ ва нуқтаҳои саҳроии алоқаро ба иҷро мерасонанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар тамринҳои муштарак ва машқи низомӣ мақомоти идоракунии низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии низомии Русия, воҳидҳои муҳаррики тирандозӣ, танкӣ ва артиллерия, воҳидҳои таъиноти махсус ва ҳамчунин гурӯҳҳои десантӣ иштирок карда, амалҳои онҳоро муҳандисони низомӣ, дигар мутахассисони воҳидҳои таъминоту хизматрасонӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, табибони ҳарбӣ ва ғайра танзиму таъмин хоҳанд кард. Амалҳои тамрину машқҳоро гурӯҳи авиатсия аз ҳаво дастгирӣ хоҳад кард.
Хизматчиёни ҳарбии артиши ду кишвар масъалаҳои амалҳои муштарак, тарзҳои ягона оид ба нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳсор, аз байн бурдани урдӯгоҳҳо, анбор ва дигар иншооти душмани шартиро мавриди омӯзиш қарор дода, дар амал ба иҷро мерасонанд.
Қобили зикр аст, ки ҳавопаймои низомиии боркаши Ан-124-100 «Руслан» барои интиқоли ҷузъу томҳои низомӣ бо техника ва аслиҳаву муҳимот ба макони дурдасти амалиёти ҳарбӣ таъин шудааст. Иқтидори борбардории ҳавопаймо беш аз 120 тонна ва масофаи имкопазири парвоз бо борбардории ниҳоӣ – зиёда аз 5 ҳазор километрро ташкил медиҳад.