Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар бартараф кардани оқибатҳои барфрезиву тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба мақомоти тоҷик кӯмак мекунанд.
Дар макони тармафароиҳо дар дараи Варзоб, ки одамону техника зери он монда буданд, ронандагони экскаваторҳо дар ҳамдастӣ бо коргарони тоҷик барфтӯдаҳои аз ҷониби гурӯҳҳои иктишофии муҳандисӣ таҳқиқшударо тоза мекунанд.
Зимни ин корҳо хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201 аз дастгоҳҳои ҷустуҷӯи «Коршун» истифода мебаранд, ки чуқурии чандин метрро таҳқиқ намуда, аз дарёфти ҳама гуна дастгоҳ ё таҷҳизоти электронӣ, масалан телефони мобилии хоҳ дар ҳолати корӣ ё хомӯшбуда огоҳ мекунад.