Ягона суханоне, ки модари Акбарҷон Ҷалилов ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, чунинанд: «Ман ба ин бовар надорам».
Одинахон Ҷалилова, модари Акбарҷон Ҷалилов ҳамроҳи шавҳараш дирӯз ба Петербург омад. Зан бовар надорад, ки писараш ба ин амал даст задааст.
Бино ба маълуомти РИА Новости, волидони Акбарҷон Ҷалилов ба суҳбат бо матбуот дар Петербург розӣ нашуда, аммо ба савол дар бораи бовар доштан ба айбдории фарзандашон, модари террористи эҳтимолӣ посухи рад додааст.
Оилаи Ҷалиловҳо се фарзанд доранд, ки танҳо писари хурдӣ бо волидон иқомат дошта, имсол мактаб дар Ошро хатм мекунад. Хоҳари калониашон бо шавҳараш зиндагӣ дорад. Ҳамсояҳо оилаи Ҷалиловҳоро «мусбату хуб» арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи яке аз хешони оила, Акбарҷон доимо ба масҷид рафта, вале дар ӯ аломатҳои ба ифротгароӣ гаравидан ба назар намерасид.
Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи сешанбе номи мардеро, ки тибқи маълумоти фаврӣ ба таркиш дар метро даст задааст, эълон кард.Аз ӯ зодаи 22-солаи Қмирғизистон Ҷалилов ном бурда шуд.
Қаблан аз КДАМ ба РИА Новости хабар додаанд, ки хешони гумонбаршуда ба таркиш дар метрои Санкт-Петербург, ки дар Қирғизистон иқомат доранд, дар доираи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бозпурсӣ шудаанд.