Кормандони милитсияи пойтахт дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳри Душанбе рейд гузаронида, риоя нагардидани як қатор меъёрҳои санитариро ошкор карданд.
Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, кормандони Раёсат дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои Душанбе рейди махсус баргузор намуда, маълум шудааст, ки дар аксари нуқтаҳои хӯроки умумӣ меъёрҳои санитарӣ комилан риоя намешаванд.
Гуфта мешавад, риоя нагардидани меъёрҳои санитарӣ ва дастурҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус дар ошхонаи “Шифо” воқеъ дар кӯчаи Назаршоев дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор шудааст. Маълум шудааст, ки ин ҷо зимни воридшавии мизоҷон ба ошхона ҳарорати онҳо санҷида намешавад, кормандони муассиса бе дастпӯшаку ниқоб кор мекунанд.
Ҳамчунин кормандони милитсияи пойтахт мушоҳида кардаанд, ки дар аксари муассисаҳои хӯроки умумии шаҳр воситаҳои антисептикӣ ҳастанд, лекин истифода бурда намешаванд.
Чунин қонуншиканиҳо дар қаҳвахонаву тарабхонаҳои “Мерве”, “Шифо”, “Яхмос”, “Тахтача”, “Фарел Хаус”, “Озода” ва Сафо” ба қайд гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус фаъолияти ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии пойтахт то охири моҳи май қатъ шуда, инчунин кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо низ бастаанд.
Қобили зикр аст, ки доир ба баста шудани нуқтаҳои хӯроки умумии пойтахт расман дастуре содир нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.