spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

СҶТ аз муҳлатҳои анҷоми пандемияи коронавирус хабар дод

“Пандемияи коронавирус аввали соли 2022 ба охир мерасад, чунин мешуморад роҳбари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ханс Клюге.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи СҶТ мавҷи дуюми пандемияро рад кард

“Сенарияи бадтарин паси сар шуд. Дар муқоиса бо соли 2020, ки вирус ба паҳншавӣ оғоз кард, акнун мо дар бораи он бисёртар маълумот дорем”, – иттилоъ медиҳад хабаргузории РБК бо истинод ба мусоҳибаи Ханс Клюге ба шабакаи телевизиони DR-и Дания.

Ба ақидаи Клюге, вирус ба паҳншавии худ идома дода, лекин барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд дигар зарурат боқӣ намемонад. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки ин ҷараёни эҳтимолии рӯйдодҳо буда, вақти дақиқи онро муайян кардан алҳол имкон надорад.

Ӯ ишора кардааст, ки мутатсия (тағйирёбӣ)-и коронавирус ҷараёни муътадил аст, чунки вирус кӯшиш мекунад, ки ба инсон мутобиқ гардад.

“Созмон самаранокии ваксинаҳои зидди COVID-19-ро бо сабаби паҳншавии навъҳои нави вирус бодиққат пайгирӣ дорад”, – изҳор доштааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ханс Клюге

Намояндаи Созмон зимнан зикр кардааст, ки агар зарурат пайдо шавад, ваксинаҳо метавонанд барои мубориза бо муттасияҳои нав тағйир дода шаванд ва лозим намеояд, ки истеҳсоли онҳо аз сифр оғоз гардад.

Тибқи маълумоти СҶТ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон зиёда аз 111,1 млн нафарро ташкил дода, 2,46 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...