Як духтури Ёрии таъҷилӣ аз ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара мегӯяд, рӯзи 29-уми апрел замони авҷи даргирии марзӣ дар ҷамоати Хоҷаи-Аъло панҷ нафар маҷруҳеро, ки дар ҳолати вазнин буданд аз майдони муноқиша берун кашидааст.
Камолиддин Ашӯров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳамаи маҷруҳшудагон сокинони маҳаллӣ буданд, ки аз тиру тӯпи ҷониби Қирғизистон захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт худаш низ чанд маврид ҳадафи нишони снайпери неруҳои қирғиз қарор гирифт, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд ва аз майдони муноқиша берун омад.
Ин пизишк мегӯяд бо мошини шахсии худ маҷруҳонро ба беморхонаи марказии Исфара мерасонид, вале дар роҳи бозгашт байни Хоҷаи-Аъло ва деҳаи Сомониён мавриди ҳамлаи тирборони низомиёни ҷониби ҳамсоя қарор гирифт. Қиссаи ёрӣ расонидан ба маҷруҳон ва наҷоти ин духтур тирборони снайперро дар ин видео бубинед.
Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз бар сари тақсимоти об дар деҳаи Хоҷаи Аъло оғоз шуд, ки ба даргириҳои мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб кашонд. Ҳоло бино ба иттилооти то ин замон расида аз ду ҷониб бештар аз 150 нафар захмӣ шудаву 7 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шудааст.
Ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон як изҳороти муштарак нашр карданд, ки дар он ба хатми даргириҳои мусаллаҳона, берун кашидани неруҳо ва таъсиси як гуруҳи корӣ барои муътадил шудани вазъ ба тавофуқ расиданд.
Нашри зиндаи хабарҳо дар мавриди даргириҳо ва хабарҳои лаҳза ба лаҳза аз макони рӯйдодро метавонед дар нашри зиндаи "Азия-Плюс" бихонед ва пайгирӣ кунед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.